Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлоб баъд аз таъмиру навсозӣ
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабовро, ки баъд аз таъмиру навсозии пурра омода гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ соли 2004 бунёд ва ба истифода дода шуда буд, вале бо гузашти вақт ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо намуд.
