Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон

Posted Fri, 10/16/2026 - 09:01
By shahnavoz

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок хоҳанд кард.

Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Posted Fri, 10/16/2026 - 09:00
By shahnavoz

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

Posted Fri, 10/16/2026 - 08:59
By shahnavoz

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Posted Fri, 10/16/2026 - 08:58
By shahnavoz

​14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

​Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

​Зимни суҳбат масоили таҳкими дӯстӣ  ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Posted Fri, 10/16/2026 - 08:57
By shahnavoz

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд кард.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Posted Wed, 10/14/2026 - 16:59
By shahnavoz

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

Posted Wed, 10/14/2026 - 16:57
By shahnavoz

14 октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи соҳибкорон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи соҳибкоронро рамзи эътирофи заҳмати шахсоне маънидод намуданд, ки дар корҳои созандагӣ, роҳандозии истеҳсолоти ватанӣ ва дар рушду пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат

Posted Wed, 10/14/2026 - 16:56
By shahnavoz

Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо дар фаъолияти созандаатон барору комёбӣ ва ба хотири ободии Ватани азизамон ташаббусҳои нав орзу менамоям.

Рӯзи соҳибкорон рамзи эътирофи заҳмати шахсоне мебошад, ки бо ташаббус ва сармояи худ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мекунанд, ҷойи кор таъсис медиҳанд, молу маҳсулоти рақобатнок истеҳсол менамоянд, хизматрасониро ба роҳ мемонанд ва дар рушду пешрафти давлат саҳм мегузоранд.

Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳринав

Posted Tue, 10/13/2026 - 13:49
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба  ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Бо ифтитоҳи фосилавии бинои нави муассисаи таълимии рақами 58 бо 20 омӯзгор дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав барои 720 хонанда дар ду баст заминаи таълимӣ муҳайё гардид.

Муассиса аз 12 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он тамоми лавозимоти хониш фароҳам оварда шудааст.

Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ва боздид аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Posted Tue, 10/13/2026 - 13:48
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.

Боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.

Дар маркази нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кохи наҷотро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он боздид намуданд.