Суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:47
By shahnavoz

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар шаҳри бостонии Кӯлоб – сарзамини ҷавонмардиву ҷасорат, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ тантанаҳои ниҳоии ҷашни бузурги давлатдории навини тоҷикон – 35-солагии истиқлоли давлатиро баргузор мекунем.

Ба ин муносибат хурду бузурги мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлобро самимона табрик мегӯям.

Имрӯз, ҳамчунин, мардуми шарифи Тоҷикистон боз як санаи муҳим – Рӯзи забони давлатиро, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, таҷлил менамоянд.

Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:46
By shahnavoz

Дар идомаи расидани номаҳои табрикӣ ба муносибати Зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ворид гардид, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Президент, Бародари азиз,

Ба муносибати зодрӯзатон аз номи миллатам ва шахсан худам аз сидқи дил табрик намуда, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ ва умри дарози босаодат орзумандам.

Оғози бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:44
By shahnavoz

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои бунёди он санги асос гузоштанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ Текстил Тоҷикистон ва ҶДММ Пахтаи Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад.

Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 ҳазор тонна ришта ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин коргоҳҳо 440 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд.

Муаррифии лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:43
By shahnavoz

Зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингарди дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба истифода додани бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:42
By shahnavoz

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 17 иншоот дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:41
By shahnavoz

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохториро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фарм Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти он ба  коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводи тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ равона буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:40
By shahnavoz

5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ Тоҷик-Алмос мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев бунёд гардида, барои рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолии минтақа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.

Ба истифода додани марказҳои обтаъминкунӣ ва корез дар шаҳри Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:39
By shahnavoz

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба истифода доданд.

Иншоот барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва рушди инфрасохтори коммуналии шаҳри Кӯлоб сохта шудаанд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки марказҳои нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои қабули об, захира ва интиқоли он ба маҳаллаҳои аҳолинишин пешбинӣ шудаанд.

Ифтитоҳи Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии Мирзоён дар шаҳри Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:38
By shahnavoz

5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Маҳмадали Ғаффоров Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии Мирзоён ба истифода дода шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави тандурустӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Гадоев ва фарзандаш Хуршед Гадоев, инчунин Мирзозода Хушбахт ва Зуҳуршо бунёд гардидааст.

Беморхонаи Мирзоён дорои шаш шуъба ва 36 ҳуҷраи корӣ буда, барои хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.

Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:36
By shahnavoz

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Асадулло Қурбонов бинои нави филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро  ифтитоҳ намуданд.