Оғози бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:27
By shahnavoz

Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд.

Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад.

Суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:26
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз ҳузури Президенти кишвари дӯсту бародар дар нишасти мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ истиқбол намуданд.

Зимни суҳбат як зумра масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва роҳҳои минбаъдаи таҳким ва густариши онҳо баррасӣ шуд.

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Туркманистон

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:25
By shahnavoz

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба  талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд.

Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:24
By shahnavoz

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.

Дар доираи фестивал гӯшаҳои миллии намояндагони кишварҳо ташкил гардида, онҳо тавассути пешниҳоди таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ намуданд.

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:24
By shahnavoz

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистон барои даъват ва истиқболи гарм, арзи сипос намуда, рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд.

Сарони ҳарду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд.

Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:23
By shahnavoz

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:22
By shahnavoz

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Сафари корӣ ба Туркманистон

Posted Tue, 10/13/2026 - 12:21
By shahnavoz

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.

Гусел аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:49
By shahnavoz

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.

Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, дар ноҳияи Восеъ 30-то ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Иштирок дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 14:48
By shahnavoz

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим - Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд.