Ифтитоҳи бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:15
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбукро мавриди истифода қарор доданд.

Беморхонаи хусусӣ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳбудии сифати хизматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди муассисаи нави тиббӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2025 гузошта шуда, иншоот дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати хуб бунёд гардид.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:14
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот дар ноҳияи Фархор

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:13
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд.

Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад.

Ба истифода додани бинои нави Маркази адлия дар ноҳияи Фархор

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:11
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:10
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:09
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд. 

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:07
By shahnavoz

Устодон ва омӯзгорони гиромӣ!

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти касбиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои пуршараф ва дар айни замон масъулияти бузург мебошад, зеро рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи наслҳое вобастагии мустақим дорад, ки бо заҳмати омӯзгорон ба камол мерасанд.

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:06
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла истиқлолу озодӣ, инчунин равияи ватансозиву давлатсозӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва дар шароити орому осуда зиндагӣ кардани аҳолиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлату Ҳукумат муайян кардаанд.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ

Posted Tue, 09/29/2026 - 10:17
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва сокинони сарбаланди

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!

Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо мо дар фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдати устувори миллӣ ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро таҷлил карда истодаем.

Суханронӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ

Posted Tue, 09/29/2026 - 10:16
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманду сарбаланди

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ ва тантанаи адолати таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки чанде пеш онро мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям.